Март 05, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Озарбойҷон вориди Теҳрон шуд

Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон вориди Теҳрон шуд.

Илҳом Алиев имрӯз (якшанбе) вориди фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон шуд ва қарор аст, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон аз ҳамтои озарбойҷонии худ дар кохи Саъдобод, истиқболи расмӣ ба амал оварад.

Сафари Илҳом Алиев ба Теҳрон, сеюмин сафари расмии вай, дар се соли ахир ба Эрон аст.

Қарор аст, дар сафари Алиев ба Теҳрон, раисони ҷумҳурии Эрон ва Озарбойҷон илова бар баррасии заминаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла шитоб гирифтани иҷрои тарҳҳои муштараки муҳимме, ҳамчун сохти корхонаҳои дорусозӣ, худравсозӣ ва ҳамчунин сохти долони рейлии шимол- ҷануб музокира кунанд.

Мақомоти Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар солҳои гузашта, беш аз 120 санади муҳимми ҳамкорӣ имзо кардаанд.

Имзои ин мизон асноди ҳамкорӣ, нишондиҳандаи баёнгари азми ҷиддии Теҳрон – Боку барои тавсеаи равобити ҳамаҷониба аст.

Барчасп