Роҳандозии нахустин дафтари пизишкии Эрон дар хориҷ
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон аз ифтитоҳи нахустин дафтари ин донишгоҳ дар Донишгоҳи Сулаймонияи Ироқ хабар дод.
Алии Ҷаъфариён, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо Ирно тасреҳ кард: Вазифаи аслии ин дафтар фароҳам кардани шароити таҳсили донишҷӯёни мутақозии таҳсилоти такмилии риштаҳои пизишкӣ ва роҳнамоии онон дар ин замина аст .
Ҷаъфариён афзуд: Ин дафтар ҳамчунин мароҳили дархости таҳсилии донишҷӯёни ироқӣ дар Эронро тасҳил ва илова бар он иртибототи илмии байни Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон ва Донишгоҳи Сулаймонияро барқарор мекунад .
Раиси Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт: Масъулони Донишгоҳи Сулаймонияи Ироқ тамоюли зиёде ба эҷоди як маркази таҳқиқотӣ дар ин шаҳр бо ҳамкории ин донишгоҳ доранд, то сатҳи омӯзишӣ ва пажуҳишии худро иртиқо дода ва барномаи омӯзишии худро бознигарӣ кунанд. Ҷаъфариён таъкид кард: Ин дафтар нахустин дафтарест, ки аз тарафи Вазорати беҳдошти Эрон дар хориҷ аз кишвар ба сурати расмӣ ва бо тафоҳумномаи дуҷониба фаъол мешавад .
Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон дар ҳоли ҳозир аз 36 кишвари ҷаҳон ҷазби донишҷӯ дорад .