Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Мазҳаби муштарак омили қаробати миллати Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон аст
(last modified 2017-03-05T16:30:52+00:00 )
Март 05, 2017 21:30 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Мазҳаби муштарак омили қаробати миллати Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, мазҳаби муштаракро муҳимтарин омили қаробат ва хешовандии ҷумҳурии исломии Эрон бо мардум ва масъулони ҷумҳурии Озарбойҷон донистанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар Теҳрон дар дидори Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, мавозеи давлати ҷумҳурии Озарбойҷон дар қиболи ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумла дар музокироти ҳастаиро бисёр хуб арзёбӣ карданд ва афзуданд: Давлати ҷумҳурии Озарбойҷон дар маҳофил ва маҷомеи сиёсӣ ҳамвора дар канори Эрон будааст ва ин мавозеи мусбат, беш аз пеш ду кишварро ба якдигар наздик мекунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба асабонияти душманон аз равобити наздики Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон афзуданд: Режими хабиси саҳюнистӣ беш аз ҳамаи душманон дар ҷиҳати тазъифи равобити бародаронаи Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон талош мекунад ва дар муқобил бояд аз иртибототи самимии мавҷуд муроқибат кард .

Эшон ҷалби ҳамроҳии мардум ва такя бар ононро муҳимтарин омил дар эҷоди масуният муқобили қудратҳо донистанд ва таъкид карданд: Хайру маслиҳати давлати ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳамроҳӣ бо эҳсосоти мазҳабии мардум аст .

Илҳом Алев, раис‌ҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар ин дидор гуфт: Равобити ду кишвар дар сатҳи олӣ қарор дорад ва бархе талошҳо ба манзури эҷоди ихтилоф миёни Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон роҳ ба ҷое нахоҳад бурд .

Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин равобити Теҳрон-Бокуро дар ҳоли густариш хонду афзуд: Дар соли ҷорӣ бист санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар имзо шуда ва ҳаҷми равобити тиҷории ду кишвар низ дар муқоиса бо соли қабл 70 дарсад афзоиш доштааст.