Раҳбари инқилоб: Ҳимояти миллатҳо аз Эрон, Амрикоро асабонӣ кардааст
(last modified 2017-03-09T11:46:45+00:00 )
Март 09, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Ҳимояти миллатҳо аз Эрон, Амрикоро асабонӣ кардааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, мубориза бо истикбор ва истибдоди байналмилалӣ ва бартариҷӯии аҳли куфр бар аҳли имон, аз лавозими ҳатмӣ ва бечуну чарои низоми исломӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз (панҷшанбе) дар дидори раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони Эрон, нуфузи роҳбурдӣ ва васеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дунё ва ба хусус дар Ғарби Осиёро аз муҳимтарин пешрафтҳои чаҳор даҳаи ахир донистанд ва таъкид карданд: “Нуфузи рӯзафзуни Эрон ва тарафдории миллатҳо аз низоми исломӣ, амрикоиҳоро асабонӣ кардааст”.

Раҳбари инқилоби исломӣ “наҷоти кишвар аз вобастагӣ ба қудратҳо” ва “баста шудани роҳи сӯиистфодаи онҳо”- ро аз натоиҷи раванди тадриҷи иҷрои Исломи ноб дар Эрон баршумурданд ва бо ишора ба хусумати ҷабҳаи зӯргӯёни ҷаҳон бо Эрон гуфтанд: “Душмании Амрико ва режими саҳюнистӣ бо Эрон шадид ва амалиётӣ аст, аммо бархе дигар ба иллати манофеашон, ин душманиро дар забон ва амал чандон нишон намедиҳанд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ фишори шадиди иқтисодӣ ва ҳуҷуми васеъ, аммо бесару садо дар арсаи фарҳангро аз меҳварҳои аслии тарроҳӣ ва амалиёти ҷабҳаи душман донистанд ва таъкид карданд: “Ҳадафи аслии онҳо ноумед кардани мардум аз низоми исломии Эрон аст”.

Эшон “муқобилаи қавӣ, таҳоҷумӣ ва муттакӣ бар мантиқ”- ро роҳи асосии хунсо кардани тарҳҳо ва тавтеаҳои ҷабҳаи мустакбирон хонданд ва афзуданд: “Бояд дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла ҳуқуқи башар, терроризм ва ҷиноёти ҷангӣ дар муқобили Ғарб ҳолати ҳуҷумӣ дошт”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дар бораи интиқодоти ахири Амрико аз интихобот дар Эрон гуфтанд: “Дар ҳоле ки амрикоиҳо бо палидтарин ва зиддибашаритарин режимҳои минтақа ҳамкории дӯстона доранд ва ин ифтизоҳи бузургро дар интихоботи ахирашон ба роҳ андохтанд, интихоботи миллат Эронро мавриди ҳуҷум ва интиқод қарор медиҳанд”.

Раис ва аъзои Маҷлиси хубрагони Эрон имрӯз дар поёни дувумин иҷлоси худ бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор карданд.

 

Барчасп