Фардо дувумин ҳавопаймои “Аэробус”-и харидоришудаи Эрон ба Теҳрон меояд
Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, дувумин ҳавопаймои харидоришудаи Эрон субҳи фардо (шанбе) вориди фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон мешавад.
Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, ҳавопаймои “Аэробус 200-330” рӯзи шанбе фурӯдгоҳи Тулузаи Фаронсаро ба мақсади фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон тарк хоҳад кард.
Қарор аст, ширкати ҳавопаймосозии фаронсавии “Аэробус” ду ҳавопаймо, ширкати ATR- зермаҷмӯаи “Аэробус” (фаронсавӣ-итолиёӣ) низ се ҳавопаймо то миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба ширкати “Эрон-Эйр” таҳвил диҳанд.
Бо амалӣ шудани Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва лағви таҳримҳо, ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон муваффақ шудааст бо ширкатҳои ҳавопаймосозии “Аэробус” ва “Бойинг” барои хариди даҳҳо ҳавопаймо ба тавофуқ бирасад.
Ширкати ҳавопаймоии Эрон қарор аст 80 ҳавопаймо аз “Аэробус”, 100 ҳавопаймо аз “Бойинг” ва 20 ҳавопаймо аз ширкати фаронсавӣ-италиёии ATR вориди Эрон кунад.
Нахустин ҳавопаймои “Аэробус”, модели A 321 январи соли 2017 таҳвили ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии исломии Эрон шуд.