Март 17, 2017 19:11 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди донишгоҳҳои бартари Эрон дар Осиё аз 8 то дар 2016 ба 14 то дар соли ҷорӣ иртиқо ёфтааст.
    Теъдоди донишгоҳҳои бартари Эрон дар Осиё аз 8 то дар 2016 ба 14 то дар соли ҷорӣ иртиқо ёфтааст.

Номи 14 донишгоҳи эронӣ дар феҳристи донишгоҳҳои бартари Осиё дар соли 2017 қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар панҷумин давраи рутбабандии донишгоҳҳои осиёӣ, Донишгоҳи Теҳрон, Донишгоҳи Санъатии Шариф, Донишгоҳи Илму Санъати Эрон, Донишгоҳи Санъатии Исфаҳон, Донишгоҳи Амир Кабир, Донишгоҳи Улуми Пизишкии Теҳрон, Донишгоҳи Шероз, Донишгоҳи анъатии Хоҷа Насир, Донишгоҳи Исфаҳон, Донишгоҳи Шаҳид Биҳиштӣ, Донишгоҳи Язд, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Донишгоҳи Озоди Исломии Караҷ ва Донишгоҳи Занҷон тавонистанд дар ҷамъи донишгоҳҳои бартари Осиё дар соли 2017 қарор гиранд.

 Теъдоди донишгоҳҳои Эрон дар феҳристи бартаринҳои осиёӣ, пеш аз ин 8 донишгоҳ буд, ки ин рақам имсол ба 14 донишгоҳ иртиқо ёфтааст.

Эрон дар ин феҳрист ба лиҳози бархӯрдорӣ аз донишгоҳҳои муваффақ рутбаи ҳафтуми Осиёро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп