Ҷавони олмонӣ мусулмон шуд
(last modified Mon, 27 Mar 2017 12:07:15 GMT )
Март 27, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Ҷавони олмонӣ мусулмон шуд

Ҷавони масеҳии олмонӣ дар масҷиде, дар шаҳри Рашт (шимоли Эрон) мусулмон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Андрейёис Ҳонер, ҷавони 35 солаи олмонӣ, бо хондани шаҳодатайн дар масҷиди имом Ризо (ъ) шаҳри Рашт, аз дини масеҳият ба дини Ислом мушриф шуд ва пас аз мусулмон шудан номи Муҳаммадризоро барои худ интихоб кард.

Ин ҷавони олмонӣ бо таъкид бар ин, ки пас аз солҳо таҳқиқ ва дарки усули Ислом ба ин дини илоҳӣ мушриф шуда, гуфт, алоқаманд аст, бо духтаре мусулмон ва эронӣ издивоҷ кунад.

Чанд рӯзи гузашта низ як масеҳии австролиёӣ ҳамзамон бо таҳвили соли нави шамсӣ дар имомзода Солеҳ (ъ) Теҳрон, ба дини Ислом мушриф шуд. Дар солҳои ахир шумори зиёде аз шаҳрвандони кишварҳои мухталиф бавижа аврупоӣ ва амрикоӣ дар амокуни зиёратии Эрон, ба дини Ислом гиравидаанд.