Рӯҳонӣ ба Теҳрон бозгашт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i15110-Рӯҳонӣ_ба_Теҳрон_бозгашт
Раисҷумҳури исломии Эрон дар поёни сафари расмӣ ба Русия, дар нахустин сооти бомдоди чаҳоршанбе ба Теҳрон бозгашт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 29, 2017 13:47 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ба Теҳрон бозгашт

Раисҷумҳури исломии Эрон дар поёни сафари расмӣ ба Русия, дар нахустин сооти бомдоди чаҳоршанбе ба Теҳрон бозгашт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, дар ҷарёни дидор аз Маскав, бо раисҷумҳур ва нахуствазири Русияи дидор ва дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард .

Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин зимни дарёфти докторантураи ифтихории Донишгоҳи давлатии Маскав, дар ҷамъи асотиду донишҷӯёни ин донишгоҳ суханронӣ кард ва дидору гуфтугӯ низ бо эрониёни муқими Русия дошт .

Ҳасани Рӯҳонӣ пеш аз азимат ба Теҳрон дар гуфтугӯ бо хабарнигорон гуфт: Зарфиятҳои зиёду мутанаввие барои тавсеаи равобити Эрону Русия вуҷуд дорад ва ду давлат иродаи лозимро барои густариши ин равобит ва истифода аз зарфиятҳои мавҷуд доранд .

Раисҷумҳури исломии Эрон бо ишора ба инки густариши равобит бо Русия аз ҷанбаи байналмилалӣ ва аз лиҳози амнияти минтақа барои Эрон бисёр муҳим аст, афзуд: Имрӯз терроризм хатари бузурге барои минтақа аст .

Раисҷумҳури исломии Эрон хотирнишон кард: Эрону Русия дар ду соли ахир иртибототи бисёр хубе бо ҳам дошта ва дар мубориза бо терроризм, талош барои барқарории сулҳу субот дар минтақа ва ҳаллу фасли масоили Сурия ва Ироқ ҳамкориҳои созандае доштаанд .

Ҳасани Рӯҳонӣ асри рӯзи душанбе бино ба даъвати расмии Владимип Путин ба Маскав сафар карда буд .