Ҳадияи нафиси Путин ба Рӯҳонӣ
Дар ҷараёни сафари ахири раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Маскав Владимир Путин, раисҷумҳури Русия як Қуръони карими дорои хати нафисро ба Ҳасани Рӯҳонӣ ҳадя кард.
Ба гузориши ИСНА, Ҳамид Абутолибӣ, муовини сиёсии дафтари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи шахсии худ дар шабака иҷтимоии “Твиттер” навишт: «Пас аз сеюним соати музокироти хусусӣ, нишасти умумӣ ва зиёфати наҳор Путин нусхаи хати нафисе аз Қуръони каримро ба раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадя кард».
Ҳасани Рӯҳонӣ асри рӯзи душанбе бинобар даъвати расмии Владимир Путин ба Маскав сафар кард ва рӯзи сешанбе музокироти сарони ду кишвар баргузор шуд. Дар ин сафар 14 санади ҳамкории ҷадид миёни Теҳрону Маскав имзо шуда, ду кишвар баёнияи муштараке низ содир карданд. Сафари Рӯҳонӣ ба Маскав дурӯза буд ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бомдоди чаҳоршанбе ба Теҳрон баргашт.