Апрел 07, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Баҳром Қосимӣ, сухангӯи ВУХ-и Эрон
    Баҳром Қосимӣ, сухангӯи ВУХ-и Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамлаи мушакии Амрикоро ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар маркази Сурия маҳкум кард.

Баҳром Қосимӣ субҳи рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба ҳамалоти мушакии Амрико ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия таъкид кард, Эрон ба унвони бузургтарин қурбони силоҳҳои кимиёӣ дар таърихи муосир ҳар гуна истифода аз силоҳи кимиёиро новобаста аз омилону қурбониёни он маҳкум мекунад ва ҳамзамон истифода аз ин баҳона барои иқдомоти як ҷонибаро низ хатарнок, мухарриб ва нақзкунандаи усули ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ медонад. Қосимӣ тасреҳ кард, Эрон ҳар гуна иқдоми низомии якҷониба ва ҳамалоти мушаки Амрикоро ба пойгоҳи ҳавоии “Шаирот”-и Сурия ба шиддат маҳкум мекунад ва муътақид аст, ин гуна иқдомот бо баҳонаи ҳамлаи кимиёии машкук дар Хон-Шайхуни Идлиб, ки омилону зинафъони он комилан норӯшан аст, ба тақвияти террористҳои рӯ ба завол ва печидатар шудани авзоъ дар Сурия ва минтақа мунҷар хоҳад шуд.

Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар умури байналмилалӣ низ рӯзи ҷумъа таъкид кард, Амрико бо ҳамлаи низомӣ талошҳоро барои ҳалли сиёсӣ нодида гирифта, нишон дод, ки ҳамчунон авлавияти Вашингтон мубориза бо ДИИШ нест. Ӯ афзуд, иттиҳоми истифодаи Ҳукумати Сурия аз силоҳи кимиёӣ дар шароите аст, ки Димишқ пеш аз ин халъи силоҳи кимиёӣ шуда, ниёзманди баррасии дақиқи Созмони манъи густариши силоҳи кимиёӣ ва Созмони Милали Муттаҳид аст.

Амрико бомдоди ҷумъа бо баҳонаи ҳамлаи кимиёии машкуки сешанбеи гузашта ба вилояти Идлиб 59 мушаки “Томаҳок”-ро аз рӯйи ду киштии ҷангӣ ба самти пойгоҳи ҳавои “Шаирот”-и Ҳимс шиллик кард. Ҳамлаи мушакии Амрико ба Сурия пас аз ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал барои баррасии ҳамлаи кимиёӣ дар Идлиб, ки бидуни раъйгирӣ дар бораи пешнависи қатъномаҳои пешниҳодӣ поён ёфт, анҷом шуд.

 

Барчасп