Апрел 09, 2017 13:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз чанд дастоварди ҳастаии Эрон бо ҳузури Рӯҳонӣ
    Рӯнамоӣ аз чанд дастоварди ҳастаии Эрон бо ҳузури Рӯҳонӣ

Дар “Рӯзи миллии фановарии ҳастаӣ”, тозатарин дастовардҳои ҳастаии Эрон бо ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯнамоӣ шуд ва ба баҳрабардорӣ расид.

Имрӯз якшанбе 9 апрел, фози нахусти Маркази партавдеҳии санъатӣ бо истифода аз шитобдиҳандаи родотрун дар устони Қазвин, Маркази тавлиди радиодорӯҳои PET бо меҳварияти тавлиди радиодорӯҳои FDG дар устони Албурз ва аввалин корхонаи пураёрсозии санги уран дар устони Язди Эрон, аз ҷумлаи 40 дастоварди тозаи ҳастаии Эрон аст, ки бо фармони Ҳасани Рӯҳонӣ-раисиҷумҳури Эрон аз тариқи видеоконфронс ифтитоҳ шуд.

Рӯзи 20 фарвардин баробар бо 9 апрел ба поси талошҳои ифтихоромези донишмандони ҳастаии Эрон ва такмили чархаи сӯхти ҳастаӣ дар ин кишвар, “Рӯзи миллии фановарии ҳастаӣ” номгузорӣ шудааст.

 

Барчасп