Апрел 12, 2017 20:46 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Бархурдҳои дугонаи Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи ҳуқуқи башар нокоромад аст

Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани тамдиди таҳримҳои ҳуқуқи башарӣ алайҳи Эрон тавассути Иттиҳоди Аврупо гуфт: Бархурдҳои дугона ва сиёсии Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи ҳуқуқи башар раванде шикастхурда ва нокоромад аст.

Иттҳоди Аврупо шомгоҳи сешанбе, таҳримҳои ҳуқуқи башарии зидди Эронро як соли дигар тамдид кард .

Ба гузориши маркази дипломатии умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷа,  Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе изҳор кард: Иттиҳоди Аврупо нишон додааст, ки дарки дурусту воқеъбинонае аз вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон надорад ва бо бархурдҳои комилан сиёсӣ, чашмони худро бар воқеиёти марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар низоми мардумсолории динӣ дар Эрон бастааст .

Қосимӣ афзуд: Эрон фориғ аз ин ворунанамоиҳо ва ҷавсозиҳо, ба масири худ дар ҳифзу иртиқои ҳуқуқи шаҳрвандони худ бар асоси усули мутараққии исломӣ ва Қонуни асосӣ идома хоҳад дод .

Иттиҳоди Аврупо ҳамвора аз ҳуқуқи башар ба унвони абзоре барои пешбурди аҳдофи худ зидди Эрон истифода мекунад.  

Иттиҳоди Аврупо дар ҳоле таҳримҳои ҳуқуқи башариро зидди Эрон тамдид мекунад, ки муҳоҷирон ва ақаллиятҳо дар кишварҳои аврупоӣ бо нақзи густардаи ҳуқуқи худ рӯ ба рӯ ҳастанд ва нажодпарастӣ дар кишварҳои аврупоӣ монанди Англия ва Фаронса дар ҳоли густариш аст .

 

Барчасп