Боргоҳи мунаввари Разавӣ дар шаби шаҳодати ҳазрати Имом Козим (а) сиёҳпӯш шуд
(last modified Sun, 23 Apr 2017 06:11:40 GMT )
Апрел 23, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Боргоҳи мунаввари Разавӣ дар шаби шаҳодати ҳазрати Имом Козим (а) сиёҳпӯш шуд

Боргоҳи мунаввари ҳазрати имом Ризо (а), дар шаби шаҳодати падари бузургавораш ҳазрати имом Мӯсои Козим (а) сиёҳпӯш шуд ва зоирон ва муҷовирон дар ин ҳарами қудсӣ ба сӯгворӣ ва азодорӣ пардохтанд.

Ба гузориши ИРНА, дар остонаи фирорсидани солрӯзи шаҳодати ҳафтумин имоми шиаён-ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)-парчами гунбади мунаввари Разавӣ таъвиз, саҳну сарои ҳарами мутаҳҳари Разавӣ бо катибаҳои азо ва порчаҳои мишкӣ-пӯшида шуд.

Ба муносибати ин сугвории азим вижа барномаҳои азодорӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ иҷро шуд ва зоирону муҷовирон ба сурати гурӯҳӣ ва фардӣ, вориди ин боргоҳи малакутӣ шуданд, то бо азодорӣ ва сӯгворӣ, шаҳодати ҷонсӯзи ҳазрати имом Мӯсои Козим (а)-ро хидмати фарзанди бурумандашон ҳазрати имом Ризо (а) таслият арз кунанд.

Ҳамзамон бо баргузории маросими азодорӣ ва сӯгвории шаби шаҳодати имом Мӯсои Козим (а) дар саросари Эрон, ин маросим дар шаҳри муқаддаси Қум ва Шероз ҳам баргузор шуд.

Якшанбе 25 раҷаби 1438 ҳиҷрии қамарӣ- мусодиф бо 23 апрел 2017, солӯзи шаҳодати ҳазрати имом Мӯсои Козим (а), имоми ҳафтуми шиаёни ҷаҳон аст.

Имом Мӯсои Козим (а), ҳудуди 35 сол имомати мусулмононро бар ӯҳда доштанд ва муддати мадиде аз ин солҳоро дар ҳабс ва табъид гузаронданд.

Ин шароит нишон медиҳад, ки дар даврони эшон, сахтгирии ҳокимони Аббосӣ нисбат ба аҳли байти исмат ва таҳорат (а) ба шиддат афзоиш ёфта буд.

Ҳорун ар-Рашид аз халафои Аббосии ҳоким вақт, ки намехост мардум аз дарёи бекарони илм ва фазилати ҳазрати Мӯсои Козим (а) баҳра бибаранд, тайи дасисае эшонро дар зиндон масмум кард ва он ҳазрат дар син 55 солагӣ дар соли 183 ҳиҷрии қамарӣ, ба шаҳодат расиданд.