Апрел 27, 2017 16:08 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Роҳи ҳалли мушкилоти мусулмонон наздик шудан ба Қуръон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, фаҳм ва амал ба асли қуръонӣ «имон ба Худо ва куфр ба тоғут» -ро мӯҷиби иззати уммати исломӣ донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ, субҳи рӯзи панҷшанбе дар дидори устодон, қориён ва ҳофизони баргузидаи 34-умин давраи Мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим дар Теҳрон, ҳувияти исломиро монеъ аз дахолат ва султаи душманон хонданд ва гуфтанд, маорифи қуръонӣ наҷотбахш ва созандаи зиндагии муқтадирона ва иззатмандонаи уммати исломӣ аст ва бояд ба гуфтумони роиҷ ва равшан дар ҷавомеи исломӣ, табдил шавад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, гирифтории имрӯзи уммати исломиро «султаи фарҳанг, иқтисод ва сиёсати Ғарб» хонданд ва афзуданд, имрӯз бисёре аз кишварҳои исломӣ, ҳувияти исломӣ надоранд ва душманон қодир ба дахолат дар фарҳанг, боварҳо, иқтисод, сиёсат ва равобити иҷтимоии онҳо ҳастанд ва дар миёни мусулмонон, ҷангу нафрат эҷод мекунанд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, дӯр будан аз Қуръонро мӯҷиби суиистифодаи душманон ва тазриқи беимонӣ ва вобастагӣ донистанд ва гуфтанд, вазъи имрӯзи давлатҳо ва кишварҳои исломӣ муқобили Амрико ва саҳюнизм ва ғоратгарон, ношӣ аз дӯрӣ аз Қуръон аст ва агар ба Қуръон ва ҳувияти исломӣ наздик шавем, ҳамаи ин мушкилот рафъ (бартараф) хоҳад шуд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин талош барои тарвиҷ ва фаҳми Қуръонро аз бузургтарин ҳасанот донистанд ва бо таъкид бар лузуми идома ёфтани ҳаракати қуръонӣ дар Эрон, афзуданд, мутаассифона миллатҳои мусулмон ва кишварҳои исломӣ аз Қуръон дӯр афтодаанд ва бо мафоҳими воқеии он, ноошно ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ  Хоманаӣ, «куфр ба тоғут ва имон ба Худо»-ро намунае аз мафоҳими муҳим ва ҳувиятсози қуръонӣ хонданд ва таъкид карданд, таъкид бар «ҳувияти имонӣ» ба маънои марзбандӣ ва истиқлол аст, то ҳувияти имонӣ битавонад худро муқобили «ҳувияти тоғут ва куфр» ҳифз кунад ва ба пешрафти худ идома диҳад.

34-умин давраи Мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карими Теҳрон, бо ҳузури ширкаткунандгоне аз 83 кишвари ҷаҳон аз 19 то 26 апрел баргузор шуд.

 

Барчасп