Апрел 30, 2017 12:14 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии такрории раисиҷумҳури Амрико зидди БАРҶОМ

Раисиҷумҳури Амрико, бо такрори мавозеи қаблии худ, Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро тавофуқномае номуносиб тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе ба муносибати 100-умин рӯзи оғози давраи раёсатҷумҳуриаш, тавофуқи ҳастаии Эрон бо кишварҳои 5+1-ро бар иқтисоди Амрикоро манфӣ, арзёбӣ кард.

Доналд Трамп бо баёни ин ки тааҳҳуд ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон ба манофеи Амрико осеб хоҳад расонд, муддаӣ шуд, ҳар тавофуқеро, ки аз манофеи Амрико ҳифозат накунад, мутаваққиф хоҳад кард.

Раисҷумҳури Амрико, пештар низ тавофуқи ҳастаии Эрон бо 5+1-ро тавофуқи “бад” хонда буд ва гуфт, ин тавофуқро бозбинӣ хоҳад кард.

Ин дар шароите аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ва соири кишварҳои ширкаткунанда дар музокироти ҳастаии Эрон ва 5+1 бар иҷрои ин тавофуқнома таъкид кардаанд.

Эрон ва гурӯҳи 5+1 (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) 14 июли 2015 мувофиқатномаеро дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, имзо карданд, ин мувофиқатнома 16 январи 2016 иҷроӣ шуд.

 

Барчасп