Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)
(last modified Mon, 01 May 2017 03:57:04 GMT )
Май 01, 2017 08:57 Asia/Dushanbe
  • Табрики солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а)

Имрӯз (душанбе), чаҳоруми шаъбони соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ- баробар бо 1 май 2017, солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) аст.

Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Аббос (а), мулаққаб ба «Абулфазл, Қамари бани Ҳошим, аламдори Карбало ва сақо»- аз фарзандони ҳазрати имом Алӣ (а), имоми аввали шиаёни ҷаҳон, дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушӯд. Модари гиромии он ҳазрат Уммулбанин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро (с), ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (а)-ро ёфт.

Ҳазрати Абулфазл (а) ҳамосасози қиёми Ошӯро аст, ки бо исор, ҷонибозӣ ва шаҳодат, тавонист ишқ ва иродот ба имоми Замони худро ба мансаи зуҳур бирасонад ва ин гуна улгуи шоиста аз вафодорӣ, барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.

Сақои сипоҳи Ислом дар ҷангҳои мухталиф, ҳамвора ёру ёвари нахустин пешвои шиаёни ҷаҳон буд ва бо ҳамроҳии падари бузургаворашон ба мубориза бо куфр ва нифоқ мепардохт ва пас аз шаҳодати ҳазрати Алӣ (а), ёрӣ бахши имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) дар масири ба анҷом расондани рисолати сангини раҳбарӣ ва пешвои ҷомеаи мусулмонон шуд.

Солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи ҷонбоз номгузорӣ шудааст.

Мардуми саросари Эрони исломӣ дар шабу рӯзи солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а), бо ҳузур дар амокини муқаддас, масоҷид ва хиёбонҳо ҷашнҳои баргузор мекунанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, фирорасидани солрӯзи вилодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а), парчамдори ишқ ва исорро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.