Баргузории ҷашни аъёди шаъбония дар сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 02 May 2017 07:46:06 GMT )
Май 02, 2017 12:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни аъёди шаъбония дар сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон

Ба муносибати милоди бобаракати анвари мутаҳҳари Карбало ҳазрати Абоабдуллоҳ Алҳусайн (а), ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва Саид Алсоҷидин имом Саҷҷод (а), маросими ҷашне дар сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо дар Душанбе, ин маросим бо ҳузури ҷамъе аз эрониёни муқим, коркунони сафорат ва ниҳодҳои мустақар дар ин кишвар, муаллимони Муҷтамаи омӯзишии имом Содиқ (а) ва теъдоде аз туҷҷор ва бозаргонони эронӣ ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон барпо шуд .

Дар ибтидои ин маросим, ки ба ҳиммати вобасaтагии низомии сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе баргузор шуд, суханронон бо зикри аҳодисе аз ҳазрати имом Ҳусайн (а) баёнотеро дар боби шахсият ва зиндагонии он имоми баландҳиммат ва бародару фарзандаш ҳазрати Аббос ибни Алӣ (а) ва Алӣ ибни Алҳусайн (а) эрод доштанд .

Дар идома, маросими мадҳиясароӣ бо салому салавот бар Саиду солори шаҳидон ва қироати ашъор ва сурудҳое иҷро шуд .

Сипас ба посдошти рӯзи посдору ҷонбоз, теъдоде аз ҷонбозони ҷанги таҳмилӣ хотиротеро аз он даврон баён карданд .

Дар идома Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон , зимни табрики аъёди шаъбония, бо эҳдои ҳадоё аз тане чанд аз ҳамкорони посдору ҷонбоз тақдир ба амал овард .

Ҳамчунин ба далели тақоруни ин аъёд бо ҳафтаи муаллим, бо эҳдои ҳадоёе аз тарафи сафорати Эрон дар Душанбе аз теъдоде аз муаллимони Муҷтамаи омӯзишии имом Содиқ (а) низ тақдир шуд. Иҷрои мусиқӣ ва мавлудхонӣ низ бахши дигаре аз ин маросим буд .