Покистон; Масъулиятҳои амалнашуда дар ҳифозат аз амнияти марзҳо
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе, дар садри ҳайати сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ бо ҳадафи пайгирии ҳамлаи террористии ахир дар марзи Эрон ва Покистон, вориди Исломобод шуд.
Аммо ин нахустин мартаба нест, ки мақомҳои Эрон ва Покистон чунин дидорҳоеро баргузор мекунанд. Ин сафарро дар воқеъ бояд паёмади рӯйдоди таассуфбори 26 апрел донист, ки ба дасти гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи марзии ду кишвар рақам хӯрд. Як ҳафта қабл дар пайи камини террористҳо дар нуқтаи сифри марзии Эрон бо Покистон, 9 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷоваи устони Сиистон ва Балучистони Эрон ҳайни гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд ва яке аз марзбонони маҷрӯҳ низ тавассути террористҳо ба хоки Покистон мунтақил шуд. Гурӯҳаки такфирӣ-террористии Ҷайшуззулм масъулияти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст.
Дар пайи ин ҳамлаи террористӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Шӯрои олии амнияти миллӣ ва Вазорати умури хориҷаи Эрон хост то ҳусули натиҷа бо ҷиддият ин мавзӯъро пайгирӣ карда то аз такрори чунин ҳаракатҳои ноҷавонмардона ҷилавгирӣ шавад.
Ҳасани Руҳонӣ раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин дар номае ба Муҳаммад Навоз Шариф нахуствазири Покистон, тасреҳ кард; Бо вуҷуди ваъдаҳои мақомоти Покистон ҳамчунон тааррузоти табаҳкорон ва гурӯҳҳои террористӣ аз хоки Покистон зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон такрор мешавад.
Бетардид равшан шудани абъоди ин масъала дорои аҳамияти чандваҷҳӣ аст. Як бӯъди муҳими ин масъала равобити дуҷонибаи Эрон ва Покистон бо марзҳои тӯлонӣ аст, ки қатъан чунин рухдодҳое бар равобити ду кишвар сангинӣ мекунад .аммо бӯъди дигари ин масъала моҳияти ҷараёнҳои террористӣ ва нуфузи онҳо аз даруни хоки Покистон аст, ки давлати ин кишвар мустақиман масъули он шинохта мешавад.
Таҳаррукоти гурӯҳакҳои террористӣ аз ноҳияи марзҳои устони Сиистон ва Балучистон пеш аз ин ҳам рух дода ва ин дар ҳолест, ки дар ин хусус нишастҳое бо ҳузури фармондеҳони марзбонии ду кишвар баргузор шудааст. Бинобар ин ҳар гуна беамалӣ ва ё саҳлангорӣ дар бархурд бо ин гурӯҳҳо, ки моҳият ва вобастагии онҳо ба авомили бегона зери назар аст, сабаби тардид ва гумонаҳое хоҳад шуд, ки танҳо ба суди аносири табаҳкор ва сӯиистфодаи онҳо аз вазъи мавҷуд дар Покистон хоҳад шуд. Дар ин сурат Покистон зиёнҳои бештаре хоҳад дид.
Аммо нуктаи севум дар ин қазия таъкиди Эрон бар пайгирии ҷиддии ин масъала аст. Сафари якрӯзаи вазир умури хорҷаи Эрон ба Покистон ва таркиб ҳайати ҳамроҳи вай дар ин сафар, дар воқеъ ҳокӣ аз азми ҷиддии Эрон барои пайгирӣ ва муҷозоти омилони ин иқдоми террористӣ аст. Бадеҳӣ аст ба мувозоти ин пайгириҳо Ҷумҳурии Исломии Эрон тамҳидоти лозимро барои сиёнат аз амнияти марзҳо ва ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна таҳаррукоти террористӣ мадди назар қарор додааст; Аммо ин ба маънои убур аз масъулиятҳои давлати Исломобод нест. Давлати Покистон низ монанди ҳар кишвари дигаре бояд мутобиқи протоколҳои марзӣ ва амниятӣ дар баробари чунин рӯйдодҳое, ки то кунун чанд бор такрор шудааст, посухгӯ бошад.
Музокироти вазири умури хориҷаи Эрон бо ҳамтои покистонии худ, ҳамчунин дидори вай бо Муҳаммад Навоз Шариф нахуствазир, генерал Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи неруи заминии артиш ва Чудри Нисор Алихон вазири кишвари Покистонро мебоист аз ин зовия арзёбӣ кард.