Май 06, 2017 15:43 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири хориҷаи Эрон ба Афғонистон

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон гуфт, Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири хориҷаи Эрон, фардо (якшанбе) ба даъвати расмии вазири хориҷаи Афғонистон, дар садри ҳайати олирутбаи сиёсӣ ба Кобул меравад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар ин сафар, илова бар дидор бо Салоҳуддин Раббонӣ, вазири хориҷа, бо Ашраф Ғанӣ- раисҷумҳурӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ- раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати милли Афғонистон ва теъдоди дигаре аз мақомоти олирутбаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ мекунад.

Қарор аст, ҳамчунин дар ин сафар дар бораи абъоди мухталифи равобити Эрон ва Афғонистон ва чигунагии иртиқои сатҳи муносиботи ду кишвар ва охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ ва ройзаниҳои анҷом шавад.

Эрон ва Афғонистон ба сабаби бархӯрдорӣ аз марз, забон ва мазҳаби муштарак, дар масири густариши ҳамкориҳо гом бармедоранд ва ин иштирокҳо беш аз пеш ду тарафро ба шарики қобили эътимод табдил кардааст.

 

Барчасп