Май 09, 2017 17:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии гулу гиёҳи Машҳад

Шонздаҳумин Намоишгоҳи байналмилалии гулу гиёҳи Машҳад, маркази устони Хуросони Разавии Эрон бо ҳузури намояндагоне аз чанд кишвар шаби душанбе дар маҳалли доимии Намоишгоҳи байналмилалии ин шаҳр кушоиш ёфт.

Дар ин намоишгоҳ 450 ширкату 650 ғурфа ва дар фазое ба масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ ба ироаи маҳсулоти худ дар заминаи гулу гиёҳ мепардозанд. Дар ин намоишгоҳ илова бар тавлидкунандагони эронӣ намояндагоне аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Нидерландия, Туркия, Туркманистон, Чин, Озарбойҷон ва Индонезия низ маҳсулоти худро арза кардаанд.

Шонздаҳумин Намоишгоҳи гулу гиёҳ Машҳад то 12-уми май дар маҳалли доимии Намоишгоҳҳои байналмилалии Машҳад идома меёбад.

 

Барчасп