13 медали ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии ихтирооти Малайзия
(last modified Sat, 13 May 2017 06:29:32 GMT )
Май 13, 2017 11:29 Asia/Dushanbe
  • 13 медали ҷавонони эронӣ дар мусобиқоти байналмилалии ихтирооти Малайзия

Мухтареони ҷавони эронӣ дар бистуҳаштумин давраи намоишгоҳ ва мусобиқоти байналмилалии ихтирооти Малайзия ба 13 медали тилло, нуқра ва бронзи ин давра аз мусобиқот даст ёфтанд.

Ба гузориши ИРНА, тими 15 нафараи навҷавонон ва ҷавонони мухтареъ ва мубтакири Эрон дар ин давра аз мусобиқоти байналмилалии Малайзия панҷ медали тилло, 6 нуқра ва 2 бронз касб кард.

Ҳусайни Воизӣ, масъули дафтари Федератсияи байналмилалии мухтареони Эрон ҳадаф аз ширкат дар ин намоишгоҳи серӯзаро муаррифии ҳарчӣ бештари зарфиятҳои илмии навҷавонон ва ҷавонони эронӣ унвон кард.

 Ба ғайр аз ширкаткунандагони кишвари мизбон (Малайзия), мухтареон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Индонезия, Тайван, Кореяи ҷанубӣ, Арабистон, Таиланд, Полша, Миср, Кувайт, Баҳрайн ва чанд кишвари дигар дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд.

Бистуҳаштумин намоишгоҳи байналмилалии фанноварӣ, ихтироъ ва навоварии Малайзия аз рӯзи панҷшанбе дар Куала-Лумпур кушоиш ёфт ва асри имрӯз- шанбе ба кори худ поён медиҳад.