Май 15, 2017 21:01 Asia/Dushanbe
  • Эронҳаросии руқабои минтақаии Эрон ва аҳамияти интихобот

Дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ба лиҳози минтақаӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Яке аз муҳимтарин роҳбурдҳои мухолифону руқабои Ҷумҳурии исломии Эрон, Эронҳаросӣ аст, ки албатта пеш аз ин беш аз ҳама тавассути қудратҳои ғарбӣ ба кор гирифта мешуд. Аммо тайи солҳои ахир тавассути мухолифону руқабои минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди истифода қарор мегирад.

 Арабистони Саудӣ ва Туркия ба унвони ду рақиби аслии ҷумҳурии исломӣ, ки ба хусус Арабистони Саудӣ рақобатро ба тахосум табдил кард, барои шикасти сиёсатҳои минтақаии Ҷумҳурии исломии Эрон талоши зиёде анҷом доданд, аммо ин талошҳо аҳдофи мавриди назари ононро таъмин накард.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар буҳрони Сурия мавзеи бартар дорад, ба наҳве, ки ба ҳамроҳи Туркияву Русия нозири оташбас миёни мухолифону низоми Сурия аст, аммо Арабистони Саудӣ бо вуҷуди ҳазинаҳои ҳангуфте, ки тайи шаш соли ахир анҷом дод, дар нишастҳову музокироте, ки барои буҳрони Сурия баргузор мешавад, ба ҳошия рафтааст.

Арабистони Саудӣ ба ҳамроҳи Туркия талоши зиёдӣ барои тазъифи ҷойгоҳи давлати шиаи Ироқ, ба вижа аз тариқи гурӯҳи террористии ДИИШ анҷом доданд, аммо давлати Ироқ бо ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон ва Нерӯҳои мардумии Ироқ, ки ба ҷумҳурии исломӣ наздик аст, дар остонаи муваффақияти бузурги поксозии комили ин кишвар аз ишғоли террористҳои ДИИШ қарор дорад.

Арабистон ҳамчунин талош кард дар Яман, ҳамсояи ҷанубии ин кишвар монеи қудратгирии ҷумбиши  Ансоруллоҳ, ки аз ҳимояти маънавии Ҷумҳурии исломии Эрон бархурдор аст, шавад. Аммо бо гузашти ду сол аз ҷанги номутақорин алайҳи Яман, ки фақиртарин кишвари арабии минтақаи ғарби Осиё маҳсуб мешавад, Оли Сауд натавонистааст ба ҳадафи аслии худ, яъне бозгардондани Мансури Ҳодӣ ба қудрат даст ёбад.

Дар чунин фазои минтақаӣ Туркияву Арабистони Саудӣ талош мекунанд Эронҳаросиро дар қолабҳои мухталифе, ба хусус бо таблиғи ин идея, ки Эрон ба дунболи тазъифу ба ҳошия рондани аҳли суннат ва тақвияти шиаён дар минтақаи ғарби Осиё аст, тарвиҷ кунанд. Дар айни ҳол Туркияву Арабистон талоши зиёде анҷом медиҳанд то бо сиёҳнамоӣ аз шароити дохилии ҷумҳурии исломӣ, ин гуна вонамуд кунанд, ки миёни мардуму системаи сиёсии ҷумҳурии исломӣ шикофи амиқе ба вуҷуд омадааст.

Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, интихобот фурсати муҳиме барои Ҷумҳурии исломии Эрон аст то аз як сӯ ваҳдати миллӣ миёни ақвоми мухталиф ва ҳамчунин миёни аҳли суннату шиаёни кишварро нишон диҳад ва аз сӯйи дигар ин мавзӯи муҳимро нишон диҳад, ки бар хилофи ағлаби кишварҳои арабӣ, ба хусус Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин бар хилофи Туркия, ки ба самти эҷоди як низоми иқтидоргаро бо меҳварияти Эрдуғон ҳаракат мекунад, Ҷумҳурии исломии Эрон пӯёӣ ва нишоти сиёсии болое дорад ва на танҳо таҳдиде барои амнияти минтақа нест, балки дар қолаби мардумсолории динӣ як модели сиёсии арзишманде низ барои кишварҳои минтақа маҳсуб мешавад.

 

Барчасп