Май 17, 2017 11:55 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии ширкати беш аз ҳафтоддарсадӣ дар интихоботи Эрон

Вазири кишвари Эрон гуфт, бар асоси охирин назарсанҷии муътабар 72 дарсад аз мардуми Эрон дар интихоботи рӯзи ҷумъа ширкат мекунанд ва пешбинӣ мешавад дар даври рӯзи оянда ин теъдод афзоиш ёбад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо панҷумин давраи интихоботи шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳо рӯзи ҷумъа, 19-уми  май баргузор мешавад.

Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ, вазири кишвари Эрон афзуд, 56 миллиону 410 ҳазору 234 нафар аз мардуми Эрон дорои шароити раъй додан ҳастанд ва ҳудуди як миллиону 500 ҳазор нафар аз авомили иҷроӣ ва назорат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳо ҳузур доранд.

Раҳмонии Фазлӣ бо баёни ин ки 350 ҳазор нафар амнияти баргузории интихоботи Эронро бар ӯҳда доранд гуфт, 63 ҳазору 429 шуъбаи раъгирӣ барои интихоботи рӯзи ҷумъа дар назар гирифта шуда, ки аз ин теъдод беш аз 14 ҳазор сандуқи сайёр аст.

 

Барчасп