Оғози сохти нахустин бемористони ҳастаии Ховари миёна дар Эрон
(last modified Wed, 17 May 2017 07:58:57 GMT )
Май 17, 2017 12:58 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти нахустин бемористони ҳастаии Ховари миёна дар Эрон

Сохти нахустин бемористони ҳастаии Ховари миёна дар шаҳри Караҷ, дар Эрон оғоз шуд.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, Эрон ин бемористонро бо ҳамкории Австрия месозад.

Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон дар ҳошияи оғози сохти ин бемористон гуфт, бемористони ҳастаии Караҷ (ғарби Теҳрон) дар ихтиёри бемороне, ки бо кӯмаки фанноварии ҳастаӣ аз радиотерапӣ ва доруҳову таҷҳизоти мухталифи пизишкии ҳастаӣ истифода мекунанд, хадамоти тахассусӣ қарор медиҳад.

Солеҳӣ афзуд, ин маркази пизишкӣ дар Ховари миёна мунҳасир ба фард аст ва эрониҳо дигар барои пизишкии ҳастаӣ ниёз нест ба кишварҳои хориҷӣ сафар кунанд.

Клаус Шонбергер, шаҳрдори шаҳри Ню-Штоди Австрия низ дар ҳошияи маросими оғози сохти ин бемористони ҳастаӣ, бо баёни инки имрӯз рӯзе фаромӯш нашуданӣ дар торихи равобити Эрону Австрия аст, гуфт, роҳандозии ин марказ дар Эрон тавваҷуҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб хоҳад кард.

Ин маркази пизишкӣ зарфияти дармони беш аз ҳазор беморро дар сол дорад, ки солона ҳудуди 25 миллион евро барои Эрон сарфаҷӯӣ хоҳад дошт.