Май 17, 2017 16:14 Asia/Dushanbe

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, интихоботи рӯзи ҷумъа дар Эронро ҷашни миллӣ, ҳамосаи бузурги мардумӣ ва ҷилвае аз андешаи нав ва ҷаззоби мардумсолории исломӣ дар муқобили дидагони ҷаҳониён хонданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми Эрон дар суханоне муҳим бо таъкид бар лузуми ҳузури густардаи мардум дар пои сандуқҳои раъй гуфтанд: Рӯзи ҷумъа ҳар фарде раъй биоварад, барандаи аслии интихобот, миллати Эрон ва низоми ҷумҳурии исломӣ аст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, интихоботи Эронро ба рух кашидани андешаи наву ҷаззоби мардумсолории исломӣ дар муқобили чашми сиёсатмадорони ҷаҳон донистанду афзуданд: Мардумсолории динӣ бавасилаи низоми ҷумҳурии исломӣ ва имом Хумайнӣ (р), ба башарият арза шуд ва миллати Эрон дар рӯзи ҷумъа, бори дигар табаллури ин андешаи навро дар маърази диди ҷаҳониён қарор хоҳад дод .

Эшон таъкид карданд: Интихоботи рӯзи ҷумъа дар Эрон мавриди таваҷҷуҳи масъулон ва дастгоҳҳои мухталиф дар Амрико ва Аврупо ва давлатҳои дунболарави Амрико дар минтақа ва ҳамчунин мақомоти режими саҳюнистӣ хоҳад буд, то бубинанд, мардуми Эрон чигуна ва бо чи руҳияе ва дар чи ҳаҷме вориди майдони интихобот хоҳанд шуд .

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бо ишора ба ноамнии густардаи мавҷуд дар минтақаи ғарби Осиё ва шимоли Африқо гуфтанд: Дар чунин муҳите ноамн, ҷумҳурии исломии Эрон бо лутфу инояти илоҳӣ, бо оромишу амнияти комил, дар тадоруки баргузории интихобот аст .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, баргузории интихоботи озод ва рақобатиро барои миллатҳои минтақа, ки давлатҳои онҳо таҳти ҳимоят ва сайтараи Амрико ҳастанд, як рӯъё донистанду тасреҳ карданд: Паёми ҳузури мардуми Эрон дар саҳна ва дар пои сандуқҳои раъй, нишон додани эътимод ва алоқаи мардум ба низоми ҷумҳурии исломӣ аст .

 

Барчасп