Ризоияти сафири Эрон дар Душанбе аз мушорикати эрониёни муқими Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17406-Ризоияти_сафири_Эрон_дар_Душанбе_аз_мушорикати_эрониёни_муқими_Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мизони ҳузури эрониёни муқими ин кишвар ибрози ризоият кард.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 19, 2017 16:07 Asia/Dushanbe

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон аз мизони ҳузури эрониёни муқими ин кишвар ибрози ризоият кард.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ имрӯз, пас аз раъй додан дар сафорати Эрон дар Душанбе гуфт, ҳамзамон бо миллати бузурги Эрон дар Тоҷикистон низ, дар ду шуъбаи раъйдиҳӣ интихобот сари соат шурӯъ шуд ва эрониён мушорикати хубе доштанд. Фағонӣ афзуд, ба эътирофи ҳама нозирони байналмилалӣ, интихобот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз демократитарин ва озодонатарин интихоботҳое аст, ки дар минтақа баргузор мешавад.

Дар Тоҷикистон илова бар Душанбе, пойтахт як сандуқи раъйдиҳии дигар низ дар шаҳри Роғун, ки ширкатҳои фаннию саноатии эронии зиёде дар он ҳузур доранд, дар назар гирифта шудааст.