Май 19, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон аз ҳузури густурдаи миллати Эрон дар интихобот

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон аз ҳузури густурда ва бошукӯҳи мардуми Эронро дар пойи сандуқҳои раъй муҳим донист.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои исломии шаҳру рустоҳои Эрон афзуд, мардуми Эрон дар пойи сандуқҳои раъй ҳузури озоду ҳамроҳ бо амнияти комил доранд, ки ин мавзӯъ бисёр муҳим аст. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон тасреҳ кард, амнияту озодии комили Эрон дар ҳоле аст, ки бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар ноамнӣ ба сар мебаранд ва онон аз озодии мавҷуд дар Эрон шигифтзада шудаанд ва орзуи доштани амнияте чун амнияти Эронро доранд.

Муваҳҳиди Кирмонӣ хотирнишон кард, оромиш, амният ва озодии Эрон дар сояи ваҳдат, имон ва рӯҳияи инқилобии миллати Эрон ба даст омадааст. Ӯ ҳамчунин ба тақвияти тавони низомӣ ва дифоии ҷумҳурии исломӣ таъкид карда гуфт, нерӯҳои мусаллаҳ нақши бисёр муҳиме дар иқтидори Эрон доранд. Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин муваффақиятҳои нерӯҳои мардумӣ ва артиши Ироқу Сурия дар муқобили гурӯҳҳои террористиро ба миллату ҳукуматҳои ин кишварҳо табрик гуфт.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар поён ба манфур шудани раисҷумҳури Амрико дар дохилу хориҷ аз ин кишвар ишора карда гуфт, сиёсатҳои Ҳукумати Амрико дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии минтақаи Ховари Миёна ва режими саҳюнистӣ ба хорӣ ва зиллати Вашингтон дар ҷаҳон мунҷар шудааст.

 

Барчасп