Ҳаждаҳ донишгоҳи Эрон дар ҷамъи бартарин донишгоҳҳои ҷаҳон
Сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, дар рутбабандии “Лойден” дар соли 2017-ум, 18 донишгоҳ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷамъи 902 донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
Ба гузориши ИСНА, Муҳаммадҷаводи Деҳқон, сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони Ислом афзуд, барраси низоми рутбабандии “Лойден” дар соли 2017 нишон медиҳад, Донишгоҳи улуми пизишкии Шероз, Донишгоҳи улуми пизишкии Исфаҳон, Донишгоҳи Гелон ва Донишгоҳи озоди улум ва таҳқиқоти Теҳрон дар феҳристи ин низоми рутбабандӣ қарор гирифтааст ва теъдоди донишгоҳҳои эронии ҳозир дар ин рутбабандӣ аз 14 донишгоҳ дар соли 2016 ба 18 дар соли 2017 афзоиш ёфт.
Муҳаммадҷаводм Деҳқон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар миёни кишварҳои исломӣ бо бештарин теъдоди донишгоҳ ва кишварҳои Туркия бо 16 донишгоҳ, Малайзия 5 донишгоҳ ва Арабистони Саудӣ бо 4 донишгоҳ дар ин низоми рутбабандӣ ҳузур доранд.
Вай афзуд, аз кишвари Ҳинд 20 донишгоҳ, Фаронса 24 донишгоҳ ва Австралия 25 донишгоҳ дар ин рутбабандӣ ҳузур доранд.
“Лойден” аз системҳои рутбабандии муътабари байналмилалӣ дар Нидерландия аст ва ҳар сол ба рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон мепардозад.