Май 20, 2017 18:05 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики мақомоти байналмилалӣ ба Ҳасани Рӯҳонӣ

Раисони ҷумҳурии Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон, масъули аршади сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, масъули пешини сиёсати хориҷии ин иттиҳодия ва раиси Комиссияи сиёсати хориҷии маҷлиси Сенати Италия, дар паёмҳои ҷудогонае, интихоби муҷаддади Ҳасани Рӯҳониро ба мақоми раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон табрик гуфтанд.

Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки рӯзи ҷумъа дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ин интихобот бо касби беш аз 23 миллион раъй, бор дигари раисиҷумҳури Эрон шуд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯз шанбе дар паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон, зимни табрики пирӯзии вай дар интихоботи 19 май, таъкид кард, Маскав омодааст, талошҳои густурдатаре барои тавсеаи ҳамкориҳои Эрон ва Русия ва низ дастури кори байналмилалӣ анҷом диҳад.

 Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон низ зимни табрик ба Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати интихоби муҷаддади вай ба ин мақом изҳор кард, Боку барои муносибот миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, аҳамияти фаровоне қоил аст ва вазъияти мавҷуди равобити ду кишвар, ки ба сатҳи ҳамкории роҳбурдӣ иртиқоъ ёфта, мӯҷиби ризоят аст.

Федерико Могерини, масъули аршади сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳам пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон табрик гуфт ва афзуд, ин иттиҳодия барои идомаи таомул бо Эрон дар чорчӯби тавофуқномаи ҳастаӣ, омодагӣ дорад.

Хавиер Солана, масъули пешини сиёсати хориҷии иттиҳодия ва Питер Фердинандо Кузен, раис комиссияи сиёсати хориҷии маҷлиси Сенати Италия ҳам интихоби муҷаддади Ҳасани Рӯҳониро ба мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон табрик гуфтанд.

 

Барчасп