Идомаи табрикоти сарони кишварҳо ва шахсиятҳои ҷаҳон ба Ҳасани Рӯҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i17514-Идомаи_табрикоти_сарони_кишварҳо_ва_шахсиятҳои_ҷаҳон_ба_Ҳасани_Рӯҳонӣ
Паёмҳои табрикии сарону шахсиятҳои кишварҳои ҷаҳон ба Ҳасани Рӯҳонӣ барои интихоби дубораи ӯ ба симмати раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Май 21, 2017 12:54 Asia/Dushanbe
  • Идомаи табрикоти сарони кишварҳо ва шахсиятҳои ҷаҳон ба Ҳасани Рӯҳонӣ

Паёмҳои табрикии сарону шахсиятҳои кишварҳои ҷаҳон ба Ҳасани Рӯҳонӣ барои интихоби дубораи ӯ ба симмати раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури тозаинтихоби Фаронса дар паёме пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро ба ӯ ва ба миллати Эрон табрик гуфта, хоҳони тақвияти равобити иқтисодӣ, илмию фарҳангии Фаронса ва Эрон шуд. Макрон ҳамчунин дар паёми худ таъкид кард, Париж бар иҷрои БАРҶОМ таъкид дорад. Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин низ дар паёме пирӯзии Ҳасани Рӯҳонӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро табрик гуфта афзуд, бо таваҷҷуҳ ба талошҳои ду кишвар муносиботи Чину Эрон густариши бисёр чашмгире доштааст ва ин раванди мусбат ҳамчунон бо ҳузури мақому миллатҳои ду кишвар идома хоҳад ёфт.

Нурсултон Назарбоев ва Николас Мадуро, раисҷумҳурҳои Қазоқистон ва Венесуэла низ ба Ҳасани Рӯҳонӣ паёмҳои табрикии худро ирсол карданд. Шинзо Абэ, нахуствазир ва Фомио Кешидо, вазири умури хориҷии Ҷопон ҳам дар паёмҳои ҷудогонае ба Ҳасани Рӯҳонӣ табрик гуфтанд. Нахуствазири Япония дар паёми худ бо таъкид бар нақши муҳими Эрон дар Ховари Миёна ибрози умедворӣ кард, Теҳрон талоши худро барои барқарории сулҳ дар ин минтақа афзоиш медиҳад.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Англия низ рӯзи шанбе дар изҳороте пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон табрик гуфта, ба густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар пешбурди Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъкид кард.  Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд низ дар паёми табрикии худ эълом кард, Ҳинд ба тақвияти робита бо Эрон мутааҳҳид аст.

Паоло Ҷентилони, Нарендро Моди ва Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазирони Италия, Ҳинд, Покистон ва Зигмар Габриэл, Борис Ҷонсон ва Бёрге Бренде, вазирони умури хориҷии Олмон, Англия ва Норвегия низ дар паёмҳои ҷудогона пирӯзии Ҳасани Рӯҳониро дар интихоботи Эрон табрик гуфтанд.

Сарон ва шахсиятҳои сиёсии кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Султон Қобус ибни Саид, подшоҳи Умон, Фуод Маъсум, Башор Асад ва Мишел Аун, раисҷумҳурҳои Ироқ, Сурия ва Лубнон, Шайх Сабоҳ Аҳмад Ҷобир Сабоҳ, амири Кувейт, Солеҳ Самод, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман ва Аммор Ҳаким, раиси Эътилофи миллии Ироқ низ рӯзи шанбе дар паёмҳои ҷудогона ба Ҳасани Рӯҳонӣ интихоби дубораи ӯро табрик гуфтанд.