Вокуниши вазири умури хориҷаи Эрон ба иддаои Доналд Трамп
(last modified Mon, 22 May 2017 05:17:47 GMT )
Май 22, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазири умури хориҷаи Эрон ба иддаои Доналд Трамп

Вазири умури хориҷаи Эрон дар саҳфаи Твиттери худ, ба иддаои зидди эронии рӯзи якшанбеи раисиҷумҳури Амрико дар Арабистон вокуниш нишон дод.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар саҳфаи Твиттери худ навишт, раисиҷумҳури Амрико -кишваре, ки муддаии “маҳди демократия ва миёнарави” аст, ба Эрон, ки як интихоботи воқеиро пушти сар гузоштааст, ҳамла мекунад.

Зариф пурсидааст: Ин ҳамла, сиёсати хориҷӣ аст ё сирфан дӯшидани 480 миллиард доллар аз Арабистони Саудӣ?

Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд-подшоҳи Арабистон ва Трамп-раисиҷумҳури Амрико рӯзи шанбе, чандин тавофуқнома дар заминаҳои мухталиф ба вижа низомӣ ба арзиши чандсад миллиард доллар дар Риёз имзо карданд.

Доналд Трамп-раисиҷумҳури Амрико, асри рӯзи якшанбе низ дар нишасти Риёз, Ҷумҳурии Исломии Эронро бахше аз мушкилоти минтақа донист ва муддаи шуд, Эрон аз терроризм ҳимоят мекунад.

Ин дар ҳоле аст, ки бино бар эъломи созмонҳои байналмилалии зидди ҷанг, Арабистон бештарин террористҳоро ба кишварҳои даргири ҷанг ва ноороми минтақа содир кардааст.