Май 23, 2017 10:22 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мардуми Эрон дар интихоботи рӯзи ҷумъа дар болотарин сатҳи демократияи ҷаҳон дар интихобот ҳузур ёфтанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар аввалин нишасти хабарӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, паёми интихоботи рӯзи ҷумъаро ҳамбастагии миллӣ ва гуфтугӯи байналмилалӣ донисту афзуд: Ҳузури 45 миллионии миллати Эрон пои сандуқи оро як ҳузури беназир дар торихи Эрон буд, мардум бо ин ҳузур ва бо ин интихоб хостанд, бигӯянд, ки дар Эрон такассур ба расмият шинохта шудааст .

Нишасти хабарӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ

Рӯҳонӣ бо баёни инки миллати Эрон ба ваҳдат, таодул, таомул, эътидол ва ақлоният раъй додаанд, тасреҳ кард: Миллати Эрон ба миллатҳои минтақа эълом карданд, ки дар канори онҳо хоҳанд буд ва терроризмро решакан хоҳанд кард ва суботро ба минтақа боз хоҳанд гардонд.

Вай ҳамчунин бо баёни инки сармоягузорӣ дар Эрон дар сояи амнияту оромиш дар сояи таомули созанда бо ҷаҳон имконпазир аст, таъкид кард: Миллати Эрон ба ҷаҳониён эълом кардаанд, ки бо эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак ҳозир ба таомул ҳастанд .

Нишасти хабарӣ бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ

Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин гуфт: Инсиҷоми миллӣ ва иҷмои миллӣ дар Эрон токунун бо ҳидояти раҳбари муаззами инқилоби исломӣ боиси муваффақият будааст .

Раисҷумҳури исломии Эрон

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба сайри торихии равобити Эрону Амрико афзуд: Эрону Амрико дар 39 соли гузашта масӣри пурпечу хамеро тай карданд ва амрикоиҳо аз анвои шеваҳо алайҳи Эрон истифода карданд ва ҳамвора ҳам шикаст хурданд .

Рӯҳонӣ гуфт: Танҳо шояд дар як марҳала муваффақияти нисбӣ насиби онҳо шуд ва он замоне буд, ки дар баробари миллати Эрон дар музокироти ҳастаӣ сар фуруд оварданд ва пои мизи музокира бо эҳтиром бо намояндагони миллати Эрон ҳарф заданд .

Раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон афзуд: Дар ин музокирот мо ба як натиҷаи бурд-бурд расидем, ки ба эътиқоди ман, ба нафъи Эрон, ба нафъи Амрико ва ба нафъи ҳамаи ҷаҳон буд ва Амрико агар роҳи дигареро интихоб кунад, бетардид бори дигар шикаст хоҳад хурд .

 

Барчасп