Рӯҳонӣ: Изҳороти душманон дар бораи қудрати мушакии Эрон аз нодонӣ аст
(last modified Wed, 24 May 2017 10:09:41 GMT )
Май 24, 2017 15:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Изҳороти душманон дар бораи қудрати мушакии Эрон аз нодонӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, изҳороти душманони миллати Эрон дар робита бо қудрати мушакии кишвари мо аз рӯйи нодонии онҳо буда, зеро қудрати Эрон ба имони миллат аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат афзуд, қудрати Эрон танҳо мушак нест, аммо ҳар чӣ Эрон ба мушак ниёз дошта бошад, месозад ва ба ҳарфи душманон эътино нахоҳад кард.

Рӯҳонӣ хитоб ба душманони миллати Эрон гуфт, дар замони таҷовузи режими Саддом ба Эрон, душманони мо дар Шарқу Ғарб мушак ва ҳавопаймоҳои бештаре доштанд ва Саддомро ба модернтарин ҳавопаймоҳо ва тонкҳо ва бадтарин силоҳи кимиёӣ муҷаҳҳаз карданд, аммо мардуми Эрон бо имон, ваҳдат ва итоат аз валии фақеҳ пирӯз шуданд.

Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо гиромидошти савуми хурдод, Солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр ёдовар шуд, дар ҷанги таҳмилии Ироқ бо Эрон, ҷаҳон дар баробари миллати Эрон қарор гирифта буд ва ин миллат тавонист як муъҷизаи бузург биёфаринад.

Рӯҳонӣ бо ишора ба эътирофи кишварҳои арабии минтақа ба ҳимояти молӣ ва пуштибонии артиши режими Саддом дар ҳамла ба Эрон гуфт, кишварҳои арабии минтақа эътироф карданд, ки ба Саддом пул доданд ва эълом карданд, ки дар Ҷаддаи Арабистон бандаре барои Саддом ихтисос доданд, ки силоҳ ва имконоташро биовард ва ҳамлу нақл ва ҳазинаашро ҳам ба ӯҳда гирифтанд.

Рӯҳонӣ пирӯзӣ дар дифои муқаддас ва озодсозии Хуррамшаҳрро муъҷизаи инқилоб, имон ва ангезаҳои динии фарзандони ин сарзамин баршумурд ва таъкид кард, савуми хурдод ва озодсозии Хуррамшаҳр бузургтарин ва ширинтарин пирӯзии миллати Эрон дар баробари таҷовузи душман буд.

Имрӯз (чаҳоршанбе) савуми хурдод, Солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр (ҷануби ғарби Эрон), дар соли 1982 аст.

Озодсозии Хуррамшаҳр яке аз муҳимтарин аҳдофи амалиёти Байтулмуқаддас дар ҷанги таҳмилии Ироқ бо Эрон буд, ки ин шаҳр пас аз 578 рӯз аз ишғоли режими баъси Ироқ озод шуд.