Май 25, 2017 21:21 Asia/Dushanbe
  • 
Таъсиси сеюмин корхонаи тавлиди мушак дар Сипоҳи посдорони Эрон

Фармондеҳи ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, аз таъсиси сеюмин корхонаи тавлиди мушаки ин ниҳод хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА,  генерал Амиралӣ Ҳоҷизода рӯзи панҷшанбе афзуд, Эрон дар тавлиди ҳавопаймоҳои бидунисарнишин, радарҳо, ҷанги электронӣ ва падофанди ҳавоӣ, ҷузъи кишварҳои тарози аввали минтақа аст.

Генерал Ҳоҷизода гуфт, донишмандони эронӣ муваффақ ба тавлиди мушаки замин ба замин шуданд, ки тамоми мароҳили онро аз иддеа то тавлиди маҳсул, нухбагони эронӣ иҷро кардаанд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, неруҳои низомӣ ва амниятии Эрон бо такя ба тавони дифоии пешрафта ва таҳти фармондеҳии мақоми муаззами Раҳбарӣ, ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дод, ҳеҷ қудрате алайҳи Эрон ба ҳамлаи низомӣ даст бизанад.

 

 

 

Барчасп