Май 27, 2017 17:13 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи нахуствазири Биритониё ба нақши мусбати Эрон ва Русия дар Сурия

Нахуствазири Биритониё аз нақши муассири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар иҷрои оташбас дар Сурия қадрдонӣ кард.

   Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Тереза Мэй-нахуствазири Биритониё, рӯзи ҷумъа дар ҳошияи нишасти ҳафт кишвар санаътии ҷаҳон дар Италия гуфт, Русия ва Эрон, иҷрои оташбас дар Сурияро бо ҷидият думбол кунанд.

   Тереза Мэй бо баён ин ки шикаст додани терроризм бидуни роҳкорҳои сиёсӣ номумкин аст, тасреҳ кард, Русия ва Эрон бояд аз нақши худ истифода кунанд, то оташбаси комил дар Сурия барқарор шавад.

   Нахуствазири Биритониё, ки пас аз ҳодисаи террористии ахир дар шаҳри Менчестери ин кишвар ба нақши муассири Эрон ва Русия дар мубориза бо терроризм изъон кардааст, таъкид кард, бо ҳамроҳӣ, азми ҷиддӣ ва иқдоми ҳамоҳанг, метавон бо терроризми ҷаҳонӣ мубориза кард.

  Сарони ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон мавсум ба “Гурӯҳи ҳафт”, дар поёни нишасти рӯзи ҷумъаи худ дар шаҳри Ситсилия Италия, дар сояи ҳодисаи террористии Манчестери Биритониё баёнияе, ҳавли меҳвари мубориза бо терроризм ва хушунат имзо карданд.

 

Барчасп