Зарурати фаъол кардани коридори Тоҷикистон – Узбакистон – Қазоқистон ва Эрон
(last modified Tue, 30 May 2017 11:30:18 GMT )
Май 30, 2017 16:30 Asia/Dushanbe
  • Зарурати фаъол кардани коридори Тоҷикистон – Узбакистон – Қазоқистон ва Эрон

Муовини баҳрабардорӣ ва сайру ҳаракати ширкати “Роҳи оҳан”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъол кардани коридори Тоҷикистон – Узбакистон – Қазоқистон ва Эрон барои ҳамли ду миллион тонна бор дар як сол таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Иброҳими Муҳаммадӣ, муовини баҳрабардорӣ ва сайру ҳаракати ширкати “Роҳи оҳан”-и Эрон дар дидор бо Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон ибрози умедворӣ кард, дар нишасти чаҳорҷонибае, ки ба зудӣ бо ҳузури намояндагони ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон баргузор мешавад, онон барои шурӯи ҳамли хулаи арзиз аз Тоҷикистон ва убур аз Эрон ба тафоҳум бирасанд. Муҳаммадӣ ҳамчунин аз ҳамли моҳонаи панҷ ҳазор тонна пудри арзиз аз Ҷоҷарм, Хуросони Шимолӣ (шимолу шарқи Эрон) ба Тоҷикистон ва содироти як миллион тонна нафти хом аз Рай (ҷануби Теҳрон) ба Сарахси Хуросони Разавӣ (шимолу шарқи Эрон) ва Тоҷикистон дар ояндаи наздик хабар дод.