Май 31, 2017 16:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдардии ҷумҳурии исломии Эрон бо мардуми Афғонистон

Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни эъломи ҳамдардӣ бо мардуми Афғонистон ҳамлаи террористӣ ба Кобул, пойтахти ин кишварро маҳкум кард.

Ба иттилои хабаргузории Ирно, Баҳроми Қосимӣ бо маҳкум кардани ҳамлаи ҷинояткоронаи интиҳории субҳи имрӯз дар Кобул, ки ба куштаву захмӣ шудани шумори зиёде аз мардуми бегуноҳ ва рӯзадор мунҷар шуд, таъкид кард: Бархурд накардан бо терроризм муҷиби афзоиши ин иқдомоти бераҳмона шудааст .

Қосимӣ гуфт, ҳаргуна тавассул ба хушунату куштор барои расидан ба аҳдоф, мардуд аст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ибрози умедворӣ кард, гуфтугӯи байни гурӯҳҳои афғон бидуни дахолати бархе кишварҳои минтақа ва фароминтақа, ки муттаҳам ба муҷаҳҳаз ва мусаллаҳ сохтани гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд, аз такрори ин иқдомоти зиддибашарӣ ҷилавгирӣ кунад .

Қосимӣ ҳамчунин таъкид кард, ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора ва ҳамеша дар шароити сахту душвор дар канори давлату мардуми мазлум ва бузурги Афғонистон хоҳад буд .

Субҳи имрӯз бар асари инфиҷори мошини бомбгузорӣ шудаи террористҳо дар минтақаи дипломатнишини Вазир Акбархони Кобул дар муҷовирати сафорати Олмон ва дафтари хабаргузории Садо ва Симои ҷумҳурии исломӣ беш аз 80 тан кушта ва ҳудуди 350 нафар захмӣ шуданд .

 

Барчасп