Афзоиши таомулоти Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Tue, 09 Aug 2016 04:04:27 GMT )
Август 09, 2016 09:04 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таомулоти Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазири умури хориҷаи Эрон аз афзоиши таомулоти сеҷонибаи Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Муҳаммадҷаводи Зариф душанбешаб дар пайи дидори сеҷонибаи Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Илҳом Алиев, руасои ҷумҳурии Эрон, Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Бокӯ дар нишасти хабарии муштарак гуфт, дар баёнияи поёнии нишасти Бокӯ се кишвар бар таомулоти бештар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Зариф ҳамчунин афзуд, дидори ояндаи сарон ва вазирони умури хориҷаи се кишвар дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Элмор Муҳаммадёров, вазири умури хориҷаи Озарбойҷон низ гуфт, дар ин дидори сеҷониба, масоили марбут ба такмили долони ҳамлу нақли Шимол - Ҷануб мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вай афзуд: "Натоиҷи ин дидор ба се кишвар ин имконро медиҳад, ки дар арсаи энержӣ, ҳамлу нақл, гардишгарӣ, касбу кор, гумрук ва ҳавзаҳои дигари иқтисодӣ ҳамкориҳои худро тавсеа диҳанд".

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ҳам дар ин нишасти хабарӣ эълом кард, дар баёнияи сарон бар зарурати тавсеа ҳар чӣ бештар равобити се кишвар дар ҳамаи ҳавзаҳо таъкид шудааст.

Ба гуфтаи вай, музокироти анҷомгирифта аз сӯйи руасои ҷумҳурии Русия, Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон ба наздикии ҳар чӣ бештари мавозеи се кишвар кӯмак кард.