Июн 01, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Нишони ҳунарии Арманистон барои мусиқидони эронӣ

Раиси ҷумҳурии Арманистон бо қадрдонӣ аз Розмик Уҳониён, устоди эронии мусиқӣ барои солҳо кори ҳунарӣ ва талош барои наздик кардани мардуми ду кишвар, ба вай нишони барҷастаи ҳунарӣ эҳдо кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Арманистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, Уҳониён устоди барҷастаи мусиқӣ ва раҳбари кори оркестри симфоники Теҳрон дар маросиме бо ҳузури шахсиятҳо ва чанд тан аз мақомҳои ин кишвар дар шаҳри Ереван нишони “Movses Khorenatsi”, файласуф ва торихшиноси арманиро аз Серж Саркисян, раиси ҷумҳурии Арманистон дарёфт кард.

 Корномаи арзишманди ҳирфаӣ дар мусиқӣ, ба вижа ҷамъоварии овоҳои миллии эронӣ ва арманӣ, шиносондани фарҳанги Эрону Арманистон дар арсаҳои ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ва танзимҳои мондагори мусиқии ду кишвар, аз ҷумлаи далоили интихоби устод Уҳониён барои дарёфти ин нишон буд.

Вай дорандаи медали тилло аз се давраи ҷашнвораи мусиқии Арманистон аст ва ҳашт давра низ довари Ҷашнвораи байналмилалии мусиқии “Фаҷр”-и Эрон будааст.