Июн 08, 2017 13:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи вокуниши сарони ҷаҳон ба ҳаводиси террористии Теҳрон

Вокуниши мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба ҳамалоти террористии рӯзи гузашта дар Теҳрон, ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши ИРНА, Маҷлиси намояндагони Италия, имрӯз ба эҳтироми қурбониёни ҳамалоти террористии Теҳрон, як дақиқа сукут кард.

Дар ҳамин ҳол вазирони умури хориҷаи Италия, Биритониё ва Утриш, Нидерланд, раиси маҷлиси Думои Русия, раисҷумҳури Беларус ва вазорати умури хориҷаи Фаронса, Тунис ва Қибрис бо паёмҳои таслияти ҷудогона ҳамалоти террористии Теҳронро маҳкум ва бо давлат, мардуми Эрон ва ҳамчунин хонаводаи қурбониёни ин ҳамалот ибрози ҳамдардӣ карданд. Раисони ҷумҳурии Узбакистон ва Венесуэла дар паёмҳои ҷудогонае ба Ҳасани Рӯҳонӣ-раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, шаҳодати шуморе аз эрониён дар ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбеи Теҳронро таслият гуфтанд.

Раисиҷумҳури Никарагуа низ дар паёме ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Манагуа барои мубориза бо терроризм дар канори Теҳрон қарор хоҳад дошт.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Боливия дар паёми твиттерӣ, бо Эрон эъломи ҳамбастагӣ кард.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҷараёни Вифоқи исломии Баҳрайн низ ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбе ба ҳарами мутаҳҳари Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва маҷлиси Шӯрои исломии Эронро маҳкум ва бо миллати Эрон ибрози ҳамдардӣ карданд.

 

Барчасп