Июн 08, 2017 16:30 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии ҳувияти омилони ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо судури иттилоияе, мушаххасот ва ҳувияти аносури террористии рӯзи гузашта дар Теҳронро мунташир кард.

Вазорати иттилооти Эрон дар ин иттилоия, ки хитоб ба миллати Эрон содир шуда, овардааст, тими амалиётии ДИИШ, ки дар амалиёти террористии ҳарами мутаҳҳар ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ мушорикат доштанд, панҷ нафар аз аносури террористии собиқадори вобаста ба гурӯҳҳои ваҳобӣ ва такфирӣ буданд, ки пас аз ҷазб ба гурӯҳаки террористии ДИИШ аз кишвар хориҷ шуда ва дар ҷиноёти ин гурӯҳаки террористӣ дар Мусил ва Раққа мушорикат доштаанд.

Дар иттилоияи Вазорати иттилооти Эрон таъкид шудааст, ин террористҳо мурдодмоҳи соли 1395 (июл-августи 2016) таҳти фармондеҳии Абу Оиша аз фармондеҳони раддаи болоии ДИИШ вориди Эрон шуда ва қасди амалиёти террористӣ дар шаҳрҳои мазҳабиро доштанд, ки пас аз нобудии комили шабака ва зарба ба нафароти аслии ин тими террористӣ, аз ҷумла ҳалокати Абу Оиша, аз Эрон фирор карда буданд.

Вазорати иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо интишори акси террористҳои ба ҳалокат расида, ононро Абу Ҷиҳод, Қайюм, Фаридун, Сарёс ва Ромин муаррифӣ кард.

Вазорати иттилооти Эрон эълом кард, бинобар бархе мулоҳизоти иҷтимоӣ - амниятӣ, аз интишори номи хонаводагии номбурдагон худдорӣ гардид.

Дар ҳамин ҳол Маҳмуд Алавӣ- вазири иттилооти Эрон, рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи аёдат аз шуморе аз масдумони ҳамалоти террористӣ дар Теҳрон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, афроде аз ҳамалоти террористии рӯзи чаҳоршанбе дар ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ.) ва Маҷлиси шӯрои исломӣ боздошт шудаанд ва Вазорати иттилоот дар ҳоли баррасии абъоди мавзӯъ аст.

Алавӣ ҳамчунин гуфт, ин нахустин тарҳи террористии зидди Эрон набуд ва дар яке ду соли ахир беш аз сад амалиёти террористӣ пеш аз иҷро дар Эрон кашф шудааст.

 

Барчасп