Мелоди Имом Ҳасани Муҷтабо (а) муборак бод!
Имрӯз – шанбе, 20-уми хурдоди соли 1396, баробар бо 15-уми Рамазони соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ ва 10-уми июни соли 2017, мусодиф бо Солрӯзи мелоди фархундаи ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а), пешвои гиромии мусулмонон ва набераи бузурги расули гиромии Ислом (с) аст.
Имом Ҳасани Муҷтабо (а), ки дар нимаи моҳи мубораки Рамазони соли савуми ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Мадина қадам ба арсаи вуҷуд ниҳоданд, нахустин фарзанди Имом Алӣ ибни Абитолиб (а) ва Фотимаи Заҳро (с), духтари Паёмбари акрам (с) буданд.
Ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) дар рӯзи валодати аввалин фарзандашон, кӯдаки хешро назди расули Худо (с) бурданд то номе барояш интихоб фармоянд ва Паёмбар (с) низ ба амри Худованд номи ӯро Ҳасан- ба маънои некӯ ва писандида гузоштанд.
Имом Ҳасан (а) ҳафт сол аз зиндагии хешро дар сояи пурмеҳру лутфи ҷаддашон Паёмбари Ислом (с) сипарӣ кард ва дар ин фурсати гаронбаҳо аз навори тобноки вуҷуди Паёмбари гиромии Ислом (с) баҳра бурд ва пас аз он низ 30 сол шогирди тезҳуш ва ёвари содиқ барои падари гиромиаш ҳазрати Алӣ (а) буд.
Эшон пас аз шаҳодати ҳазрати Алӣ (а) имомати уммати Исломро бар ӯҳда гирифтанд.
Саховат ва меҳрубонии он ҳазрат бо мардум дар даврони ҳаёти пурбаракати он имоми бузургвор ба ҳадде буд, ки мардум ба эшон лақаби “карими аҳли байт” доданд.
Он ҳазрат саранҷом дар соли 50-и ҳиҷрӣ, пас аз 10 сол муҷоҳидат дар роҳи раҳбарии уммати Ислом, бо тавтеаи Муовия ибни Абусуфён ва ба дасти ҳамсари хеш мазлумона масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.
Сада ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон валодати саросар сурури ҳазрати Имом Ҳасани Муҷтабо (а)-ро ба ҳамаи дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳумуссалом табрик ва таҳният мегӯяд.