Июн 11, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Талоши Амрико ва Арабистон барои бар ҳам задани амният дар Эрон

Дабири кулли Ҷунбиши носириҳои мустақили Лубнон гуфт: Амрико ва авомили минтақаии он ба фикри бар ҳам задани амнияти ҷумҳурии исломии Эрон ба унвони реша ва асоси меҳвари муқовимат ҳастанд.

Мустафо Ҳамдон, дабири кулли Ҷунбиши носириҳои мустақили Лубнон (Алмуробитун) рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо Ирно, ҳамалоти террористии ахири Теҳронро навъе интиқомгирӣ аз интихоботи муваффақиятомези раёсатҷумҳурии ахири Эрон донисту гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар маърази ниятҳои бадхоҳонаи меҳвари ғарбӣ ба саркардагии Амрико қарор доштааст.

Ҳамалоти террористии чаҳоршанбеи гузаштаи аносури вобаста ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон ва ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (р) дар Теҳрон, 17 шаҳид ва 52 захмӣ бар ҷо гузошт .

Мустафо Ҳамдон, бо ишора ба пирӯзиҳои меҳвари муқовимат дар Сурия ва минтақа ва шикасти террористҳо таъкид кард: Ин шикастҳо, душманони Эрон ва муқовиматро ба хашм овардааст.

Ин сиёсатмадори лубнонӣ тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон аз қудрат ва инсиҷоми хубе дар минтақа бархурдор асту тавон муқобила бо нақшаҳои террористиро дорад .

 

Барчасп