Июн 16, 2017 15:53 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Тамассук ба Ислому Қуръон рамзи муваффақияти Эрон аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон Амрикоро душмани аслии миллати Эрон дониста гуфт, бо тамассук ба Ислом, Қуръон ва ҷумҳурии исломӣ метавон дар муқобили Амрико ва душманон истодагӣ кард.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо баёни ин ки манофеи миллии Эрон замоне муҳаққақ мешавад, ки бо ҳувияти миллии Эрон носозгорӣ надошта бошад, афзуд, бо эътимод накардан ва хушбин набудан ба душман ва истифода аз нерӯҳои ҷавону муқовим кардани иқтисод метавон дар муқобили фишори душманон истод. Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулон ба маҳрумон, дурӣ аз худписандӣ, интиқодпазирӣ, диққат дар интихоби масъулон ва носозгорӣ дар пардохти молиётро аз шохисаҳои ҳукумати исломӣ аз нигоҳи ҳазрати амир-ул-муъминин Имом Алӣ (а) баршумурд. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин дар хутбаи нахуст намозгузоронро ба тақвои илоҳӣ тавсия ва бо ишора ба рӯзи бисту якуми моҳи мубораки Рамазон, солрӯзи шаҳодати ҳазрати Алӣ афзуд, Имом Алӣ  беҳтарини башар дар ҷаҳон буд ва ин ки ҳама ба эшон ниёз доранд, нишонаи садоқату фазилати болои он ҳазрат аст.

 

Барчасп