Баргузории намози ҷумъаи бошукуҳ дар Масҷидулақсо
Беш аз 40 ҳазор фаластинӣ бо ҳузур дар Масҷидулақсо, намози ҷумъаи бошукуҳеро дар ин макони муқаддаси исломӣ баргузор карданд.
Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии Байтулмуқаддас шинохта мешавад ва режими Исроил талош дорад ин муҳимро аз байн бибарад, аммо истодагӣ ва ҳушёрии мардуми Фаластин режими саҳюнистиро ноком гузошта ва бо шикаст рӯ ба рӯ кардааст.
Бо вуҷуди сангандозиҳову мавонеи низомиёни режими саҳюнистӣ дар вурудиҳои маҳаллаи қадимии шаҳри Қудс, хайли азиме аз фаластиниён бо ҳузур дар Масҷидулақсо намози ҷумъаи ин ҳафтаро дар ин макони муқаддаси исломӣ баргузор карданд.
Идораи авқофи исломии Фаластин дар Қудси ишғолӣ эълом кард, ки 40 ҳазор фаластинӣ намози ҷумъаи худро дар Масҷидулақсо ба ҷо оварданд.
Ин дар ҳолест, ки низомиёни режими саҳюнистӣ мавонеи оҳанинеро дар атрофи маҳаллаи қадимии Қудс ва Масҷидулақсо қарор дода ва дар ҳаракати намозгузорони фаластинӣ ба сӯи Масҷидулақсо ихтилол эҷод карданд.