Июн 18, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Паёми шифоҳии раисҷумҳури Эрон барои амири Қатар

Вазорати умури хориҷаи Қатар рӯзи якшанбе эълом кард, ки амири ин кишвар як паёми шифоҳӣ аз раисҷумҳури исломии Эрон дарёфт кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Қатар рӯзи якшанбе эълом кард, ки амири ин кишвар як паёми шифоҳӣ аз раисҷумҳури исломии Эрон дарёфт кардааст .

Сайти Вазорати хориҷаи Қатар эълом кард, Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ рӯзи гузашта паёми шифоҳии Ҳасани Рӯҳониро аз Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ, муовини арабӣ африқоии вазири умури хориҷаи Эрон дарёфт кардааст .

Бар асоси ин гузориш, Ҷобирии Ансорӣ дар дидор бо Муҳаммад ибни Абдулраҳмони Оли Сонӣ, вазири умури хориҷаи Қатар ин паёмро, ки дар он бар ҳалли буҳрони Давҳа бо кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс бо равишҳои сиёсӣ ва гуфтугӯҳои шаффоф таъкид шуда, ба ӯ мунтақил кардааст .

Рӯзи шанбе Ҳусайни Ҷобирии Ансорӣ дар идомаи ройзаниҳои қаблӣ, дар сафаре кӯтоҳ ба Давҳа бо мақомоти қатарӣ дар мавриди масоили дуҷониба ва бархе таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ кард .

Ба гуфтаи Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Ҷобирии Ансорӣ дар ин сафар, ки дар чорчуби ройзаниҳои қаблии Эрон бо давлати Қатар аст, паёмҳои дӯстии мақомоти эрониро ба мақомоти қатарӣ иблоғ кард .

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва бархе аз кишварҳои арабӣ, панҷуми июн Қатарро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ муттаҳам ва равобити худро бо ин кишвар қатъ карданд .

 

Барчасп