Амир Пурдастон: Дифоъ аз Эрон дигар ба марзҳои ҷуғрофиёӣ маҳдуд нахоҳад шуд
(last modified Mon, 19 Jun 2017 11:44:24 GMT )
Июн 19, 2017 16:44 Asia/Dushanbe
  • Амир Пурдастон: Дифоъ аз Эрон дигар ба марзҳои ҷуғрофиёӣ маҳдуд нахоҳад шуд

Ҷонишини фармондеҳи кулли артиши ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Ҳамлаи мушакии Эрон ба мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия, посухе кубанда ба касонест, ки қасди баландпарвозӣ ва оташафрӯзӣ дар минтақа доранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, амир сартип Аҳмадризо Пурдастон, ҷонишини фармондеҳи кулли артиши Эрон рӯзи душанбе дар хусуси ҳамлаи мушакии якшанбе шаби Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар устони Дерулзури Сурия афзуд: Дифоъ аз Эрон дигар ба марзҳои ҷуғрофиёии кишвар маҳдуд нест ва ҳарҷо, ки таҳдид бошад, нерӯҳои низомӣ ва амниятии Эрон вориди майдон хоҳанд шуд .

Ҷонишини фармондеҳи кулли артиши Эрон таъкид кард: Ҷаҳониён бидонанд, нерӯҳои низомии Эрон барои дифоъ аз ормонҳо ва арзишҳои худ омодаи посухи қотеъ ба таҳдидот ҳастанд .