Ҳалокати 50 диишӣ дар шиллики як мушаки Сипоҳи посдорони Эрон
(last modified Tue, 20 Jun 2017 03:51:24 GMT )
Июн 20, 2017 08:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 50 диишӣ дар шиллики як мушаки Сипоҳи посдорони Эрон

Манобеи майдонӣ эълом карданд, бар асари исобати яке аз мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри фармондеҳии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Дералзур-шарқи Сурия- беш аз 50 террористи диишӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилои Алъолам, 6 нафар аз ин террористҳо либияӣ будаанд .

Чандин саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ аз ҷумла Абу Осим Аллибӣ ва Абдулқодири Алфуронӣ, маъруф ба Абу Ҳорис ҳам дар ин ҳамла ба ҳалокат расидаанд.

Ҳануз омори талафоти 5 мушаки дигар аз 6 мушаки шилликшудаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки ба сурати дақиқ ба мақарҳои террористҳо дар Дерулзури Сурия исобат карда, мунташир нашудааст .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ, пуштибонӣ ва сохти мошинҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар шаҳри Алмаёдин дар ҳумаи минтақаи Дерулзур бо шаш фарванд мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор дод .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин иқдомро дар посух ба ҷинояти террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 18 нафар ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми мазлум ва рӯзадори Эрон мунҷар шуд, анҷом додааст .