Июн 20, 2017 15:16 Asia/Dushanbe
  • Номаи Эрон ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

Ғуломалӣ Хушрӯ, намояндаи Эрон дар Созмони милал дар номае ба дабири кулли СММ изҳороти Тиллерсон алайҳи Эронро мудохилаҷӯёнаву густохона хонд, ки бо усули ҳуқуқи байналмилал муғойират дорад ва онро нақзи ошкори қарордоди 1981-и Алҷзоир ва дигар тааҳҳудоти муоҳидотии Амрико баршумурд.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бахше аз суханони ахири худ, ки дар Санои Амрико матраҳ шуд гуфт: “Сиёсати ИМА дар қиболи Эрон... талош дар ҷиҳати ҳимоят аз аносуре дар дохили Эрон аст, ки боиси интиқоли мусолиматомези қудрат дар он кишвар шавад. Он аносур ҳамон тавр ки ба яқин медонем он ҷо ҳастанд.”

Ин суханон бетардид ҳамон гуна ки дар номаи Хушрӯ ба дабири кулли СММ иншо шудаст, мудохилае ошкор ва густохона аст, ки бо тамоми меъёрҳо ва усули ҳуқуқи байналмилал ва низ матну рӯҳи маншури СММ муғойират дорад.

Бар асоси мафоди ошкори қарордоди “Алҷазоир 1981”, Амрико мутааҳҳид аст ки сиёсати ин кишвар адами мудохилаи мустақим ё ғайримустақим, сиёсӣ ё низомӣ дар умури дохилии Эрон бошад ва дар оянда низ чунин бимонад.

Нуктаи қобили тааммули дигаре ки дар ин нома мавриди ишора қарор гирифтааст, ҳамзамонии изҳороти Тиллерсон бо интишори асноде аст, ки ахиран аз табақабандии Созмони ҷосусии Амрико хориҷ шудааст. Ин аснод дорои иттилооти тозае дар бораи тавтеаҳои ниҳодҳои амрикоӣ барои сарнагунии доктор Муҳаммад Мусаддиқ, нахуствазири баргузидаи мардуми Эрон дар 28-и мурдоди 1332 (августи 1953) аст.

Ҳамзамон бо ирсоли ин нома кордори Швейтсария дар Теҳрон низ (дар ғайби сафир) ба унвони ҳофизи манофеи Амрико дар Эрон ба Вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози расмӣ ва шадиди ҷумҳурии исломӣ ба давлати Амрико тавассути вай иблоғ шуд.

Суханони вазири умури хориҷаи Амрико ба далоили мухталифе қобили тааммул аст.

 Маҳдии Мутаҳҳариниё, коршиноси равобити байналмилал дар бораи ин изҳороти Тиллерсон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, Тиллерсон як тоҷире аст, ки имрӯз Вазорати  умури хориҷаи Амрикоро дар даст гирифтаву бо адабиёти дипломатӣ ошно нест, вале дар айни ҳол мунъакискунандаи майли утоқҳои фикрии навмуҳофизакорон алайҳи Эрон аст.

Амрико дар ҳоле Эронро ҳомии терроризм муаррифӣ мекунад, ки дар гузориши таҳқиқии худ аз воқеаи 11-уми сентябр эътироф кард, понздаҳ омил аз 19 муттаҳами аслии ҳодисаи 11-уми сентябр табааи Арабистон ва дар ҳалқаи Алқоида будаанд, ки маҳсули муштараки Амрико ва Арабистон будааст.

Амрико ҳамчунин Эронро як низоми ғайридемократӣ меномад, дар ҳоле ки интихобот дар Эрон бисёр шаффофтар аз бисёре кишварҳо, ҳатто Амрико баргузор мешавад. Интихоботи ахир низ бар асоси шохисҳои демократӣ ва бо раъйи 40 миллионии миллати Эрон ба низоми ҷумҳурии исломӣ рақам хӯрд. Дар ҳоле ки Арабистони мавриди ситоиши Амрико фоқиди ҳар гуна ниҳоди демократӣ ва пушту паноҳи мардумӣ аст. Танҳо шолудаи ҳокимият дар Арабистон салтанатҳои маврусии гирифтори ҷангу қудрати қабоилӣ аст, ки бо тафаккуроти қуруни вустоӣ худро меҳвар медонанду ҳатто як намояндаи мунтахаби мардум ҳам надоранд.

Аз ин рӯ дар арзёбии суханони Тиллерсон дар хушбинонатарин таъбир бояд гуфт, ки вай на Эронро мешиносад ва на аз моҳияти воқеии Арабистон мутталеъ аст.

Давлатмардони Амрико аммо дастикам бояд аз торих ва ба хусус ҳаводису раванди таҳаввулоти чаҳор даҳаи гузашта пас аз пирӯзии инқилоби исломии Эрон омӯхта бошанд, ки ҷумҳурии исломӣ мустаҳкам ва бо иқтидори комил истодаву душманон наметавонанд ба миллати Эрон силӣ бизананд, балки миллат ба онҳо силӣ хоҳад зад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори ахири ҷамъӣ аз хонаводаҳои шуҳадои мудофеи ҳарам ва шуҳадои марзбон, ин суханони мақомоти Амрикоро сухане газофа хонданду хотирнишон карданд; “Мақомҳои Амрико чӣ дар гузашта ва чӣ акнун барои зарба задан ба Эрон ҳар коре метавонистанд анҷом додаанд, аммо бояд бидонанд, ки ҳар касе алайҳи миллати Эрон таарруз кунад, бидуни тардид ба зарари худаш тамом мешавад.”