Июн 21, 2017 13:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи Қудс - намоди истикборситезии ҷаҳони Ислом

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар баёнияе Қудси Шарифро пораи тани Ислом ва мисдоқи ваҳдату истикборситезии ҷаҳони Ислом ва ғафлат аз онро таҳаққуқи руъёи шуми Исроили ғосиб дар яҳудисозии Байтулмуқаддас донист.

Ба гузориши ИРНА, Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс ( 23-юми июн) дар баёнияе таъкид кард, Рӯзи Қудс ҳадяи илоҳӣ барои расвоии чеҳраи палиди истикбору режими ишғолгари Қудс, ба унвони ҳомиёни аслии хушунату терроризм дар ҷаҳон аст.

Дар ин баёния омадааст; дар шароите ки терроризм, хушунат ва ноамнӣ ҷаҳонро фаро гирифтааст, раҳбарони бархе кишварҳои иртиҷоии минтақа бо густариши тафриқаву нифоқ дар ҷаҳони Ислом, ба дунболи қудратнамоӣ, иттиҳод бо режими саҳюнистӣ ва густариши ифротигарӣ ҳастанд.

 Дар ин баёния гуфта шудааст; рӯйкарди истикбори ҷаҳонӣ ҳамвора тафриқа миёни мазоҳиби исломӣ буда, ба тавре, ки сафари ахири Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар минтақа ва нишаст бо Оли Сауд ва режими ғосиби саҳюнистӣ ва бастани қарордодҳои калони таслеҳотӣ ва ба дунболи он ихтилофи бархе кишварҳои арабӣ бо Қатар намунае аз сиёсати тафриқаангези Вашингтон аст.

Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳимояти ҷаҳони Ислом аз Қудс ва интифозаи Фаластинро хориҷ аз доираи фаҳми истикбору саҳюнизм донисту таъкид кард; бедории исломӣ ва шикастҳои паёпайи режими ғосиби саҳюнистӣ беш аз пеш заъфу ноумедии Амрико, Ғарб, ҳокимони муртаҷеи минтақаро барои ҳифзи амнияту ҳаёти режими ҷаълии саҳюнистӣ муҷиб шудааст.

 Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон Рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст то мусалмонони саросари олам хашму нафрати худро аз сиёсатҳои нажодпарастонаи режими саҳюнистӣ эълом кунанд.

 

Барчасп